Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 2:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

19 Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто ҷинҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 2:19
31 Iomraidhean Croise  

«Аммо шумо, — мегӯяд Худованд, — ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам, шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед ва ба Ман имон оваред ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд.


Худованд, ки Подшоҳи Исроил ва Раҳокунандаи ӯст, яъне Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам, ва ғайр аз Ман Худое нест.


Натарсед ва ҳаросон нашавед: Ман, охир, ба шумо аз қадимулайём эълон кардаам ва хабар додаам, ва шумо шоҳидони Ман ҳастед. Оё ғайр аз Ман Худое ҳаст? Ва кӯҳпорае нест, ки Ман аз он хабар надошта бошам».


То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд, ки ҷуз аз Ман нест: Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.


Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред, зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест.


Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?»


Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».


Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона.


Ва инак, онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то ки моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!»


«Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!»


Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: „Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;


Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!»


Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?


«Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қуддуси Худо!»


Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.


Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд.


Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?»


Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард».


Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.


Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.


Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.


Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.


Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст.


Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,


Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;


Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.


Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт;


Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan