Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 2:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Зеро шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 2:13
26 Iomraidhean Croise  

Ва ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди бародари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем; аз ин рӯ ин азият ба сари мо омад».


Ва алҳол ба ман гӯш дода, асиронеро, ки аз бародарони худ гирифтаед, баргардонед, зеро ки оташи ғазаби Худованд бар шумост».


Зеро ки Ту бузург ҳастӣ ва корҳои аҷоиб мекунӣ, — Ту, эй Худо, танҳо Худат.


Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад, худаш низ фарьёд занад, фарьёдрас намеёбад.


Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад, ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад.


Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.


Балки каси боланда фақат бо ин биболад, ки Маро фаҳм мекунад ва мешиносад, ки Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст», — мегӯяд Худованд.


Ба онҳо бигӯй: „ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад. Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?“


Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.


Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт.


Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.


Лекин Иброҳим гуфт: „Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;


Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд;


Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Ва Адӯнӣ‐Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба ман подош додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.


Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan