Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Зеро Он ки «зино накун» гуфтааст, «қатл накун» ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, — ба шариат хато кардаӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Зеро ҳамоне ки «Зино накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Қатл накун». Пас, агар шумо зино накунед, вале қатл кунед, қонуншикан мешавед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 2:11
11 Iomraidhean Croise  

Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,


Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,


Ба Ӯ гуфт: «Кадом аҳкомро?» Исо гуфт: «Қатл накун; зино накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ;


Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“».


Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун».


Зеро ки аҳкоми: «Зино накун», «Қатл накун», «Дуздӣ накун», «Шаҳодати дурӯғ надеҳ», «Тамаъ накун» ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст дор» ҷамъбаст карда шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan