Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Эй бародарону хоҳаронам, шумо ки ба Худованди пуршукӯҳу ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 2:1
29 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол, бигзор тарси Худованд бар шумо бошад. Эҳтиёткорона амал намоед, зеро ки назди Худованд Худои мо беинсофӣ ва рӯбинӣ ва ришвахӯрӣ нест».


Инҳо низ гуфтори хирадмандон аст: рӯйбинӣ кардан дар доварӣ хуб нест.


Рӯйбинӣ кардан хуб нест; аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.


Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ нанамо ва ба шахси бузург тамаллуқ накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо.


Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;


Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад.


Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.


Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард.


Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд


Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,


Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.


Дар доварӣ рӯбинӣ накунед, арзи хурдро мисли бузург бишнавед, аз ҳеҷ кас натарсед, зеро ки доварӣ аз они Худованд аст; ва даъвое ки барои шумо мушкил бошад, назди ман биёред, то ки онро бишнавам“.


Дар доварӣ каҷкорӣ нанамо, рӯйбинӣ накун, ва ришва нагир, зеро ки ришва чашмони ҳакимонро кӯр ва суханони одилонро таҳриф мекунад.


Баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред,


Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;


Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намоӣ ва ҳеҷ коре бо рӯйбинӣ накунӣ.


Павлус, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,


Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,


Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.


Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;


Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: «Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед», ва ба камбағал гӯед: «Ту он ҷо биист» ё ки: «Ин ҷо, поини пои ман бинишин», —


Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.


Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.


Шимъӯни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул карданд:


Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.


Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan