Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд».
Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
Агар назди ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, яке аз бародарони ту эҳтиёҷманд бошад, дили худро сахт накун ва дасти худро аз бародари эҳтиёҷманди худ набанд,
Бенавоёнро аз хок бармехезонад, мискинро аз даруни ахлот мебардорад, то ки бо мирон ҳамнишин созад, ва кур сии ҷалолро насибашон гардонад; зеро ки аркони замин аз они Худованд аст, ва ҷаҳонро ӯ бар онҳо устувор намудааст.