Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:5
31 Iomraidhean Croise  

Ва бигзор Худованд ба ту ақлу фаҳм ато фармояд, ва туро бар Исроил таъин кунад, то ки шариати Худованд Худои худро риоя намоӣ.


Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»


Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ, эй забони ҳилагар!


Ва Ман ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардаам,


Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд:


Дӯстдорони худро дӯст медорам, ва толибони ман маро хоҳанд ёфт.


Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.


Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд, бовар накардаанд.


Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад;


Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд.


Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: „Ба Ман барои нӯшидан об деҳ“, холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».


Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?


Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.


Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.


Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.


Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan