Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:4
26 Iomraidhean Croise  

Вале одил дар роҳи худ устувор хоҳад буд, ва каси покизадаст боз ҳам қавӣ хоҳад шуд.


Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Онро қадрдонӣ намо, ва он туро баланд хоҳад бардошт; агар онро дар оғӯш кашӣ, он туро ҷалол хоҳад дод,


Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард.


Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.


Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?»


Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».


Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун».


Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».


Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод.


Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.


Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ.


Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,


Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.


Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.


Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.


То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.


Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.


Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.


Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.


Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.


Вале дар ҳар кӣ ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan