Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:26 - Китоби Муқаддас 1992 1999

26 Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

26 Ҳар кӣ худро диндор ҳисоб мекунаду забонашро идора карда наметавонад, ҳам худро фиреб медиҳад ва ҳам диндориаш ба як пули пуч намеарзад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:26
37 Iomraidhean Croise  

Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ, ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.


Зеро ки Ӯ зеҳи камони маро кушода, маро зеру забар кардааст, ва онҳо лаҷоми худро ба хузури ман сар додаанд.


Вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт, Ту тариқи маро медонистӣ; дар роҳе ки меравам, доме барои ман пинҳон кардаанд.


Зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд; Ӯ амр кард, ва қоим гардид.


Валекин ман дар бемории онҳо палос мепӯшидам, ҷонамро бо рӯзадорӣ азоб медодам, аммо бигзор дуоям ба оғӯшам баргардад.


Сухани бисьёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст.


Даҳони одил ҳикматро ифода менамояд, вале забони каҷгуфтор бурида мешавад.


Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.


Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад, вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад.


Ҳукми илоҳие бар лабҳои подшоҳ аст: даҳони ӯ дар доварӣ саҳв намекунад.


Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.


Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.


Ҳар рӯз ӯ пайваста ҳарисӣ мекунад, вале одил медиҳад ва дареғ намедорад.


Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.


Ӯ бод мепаймояд: дили гумроҳаш ӯро дар иштибоҳ меандозад, ва ӯ наметавонад ҷони худро раҳо карда, бигӯяд: «Оё он чи дар дасти рости ман аст, дурӯғ нест?»


Шумо гуфтед: «Ибодати Худо бефоида аст; чӣ суде дошт, ки мо хизмати Ӯро ба ҷо овардем, ва ба ҳузури Худованди лашкарҳо маҳзунона рафтор намудем?


Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“».


Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“.


Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад».


Дар айни ҳол мо низ шоҳидони козибе дар ҳаққи Худо мебудем, чунки дар ҳаққи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро эҳьё кардааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон эҳьё нашаванд, Ӯро эҳьё накардааст;


Ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон бар абас набошад.


Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.


Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, — онҳо ягон вақт ҳар чӣ хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, — ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;


Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳо биравем, ва онҳо назди махтунон;


Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.


Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад.


Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.


Ҳамчунин алфози қабеҳа ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст;


Эҳтиёт бошед, мабодо дилатон фирефта шавад, ва шумо гумроҳ гардида, худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред;


Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.


Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;


Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,


Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?


Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan