Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

25 Лекин шахсе, ки ба қонуни комил ва озодибахшанда бодиққат нигоҳ карданро давом медиҳаду суханони шунидаашро фаромӯш накарда, иҷро мекунад, дар ҳар кораш баракат меёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:25
41 Iomraidhean Croise  

Ва онҳоро аз мамлакатҳо ҷамъ овардааст: аз шарқ ва ғарб, аз шимол ва ҷануб.


Соддадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад.


Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.


Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».


Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.


Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;


Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисьёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз паи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, тарғиб менамуданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд.


Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.


Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд ба вуқӯъ ояд,


Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.


Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;


Бинобар ин шариат муқаддас аст, ҳукми он низ муқаддас, барҳақ ва нек аст.


Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: «Эй Аббо, эй Падар!»


Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.


Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.


Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.


Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Исои Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:


Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.


Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.


Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.


Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва кудсият бо исмат қоим бошад.


Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.


Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд,


Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,


Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.


Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.


Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад».


Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.


Агар аз Худованд тарсида, Ӯро ибодат намоед ва овозашро бишнавед, ва ба фармони Худованд зиддият нишон надиҳед, он гоҳ ҳам худатон ва ҳам подшоҳатон, ки бар шумо подшоҳӣ мекунад, дар паноҳи Худованд Худои худ хоҳед буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan