Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

19 Бародарону хоҳарони азизам, пас ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:19
54 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин, китоби Тавроти Худоро хонд; ва ҳафт рӯз ид карданд, ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади идонае бар тибқи шариат барпо гардид.


Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.


Ва дар ҷойҳои худ истода, чорьяки рӯз китоби Тавроти Худованд Худои худро хонданд, ва чорьяки рӯз гуноҳҳоро эътироф намуда, Худованд Худои худро парастиш карданд.


Ва ман интизорӣ кашида дидам, ки сухан намеронанд: бозистода, дигар ҷавоб намегардонанд.


Сухани бисьёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст.


Касе ки даҳони худро нигоҳ дорад, ҷонашро муҳофизат мекунад, вале касе ки даҳони худро калон кушояд, ба вай осеб мерасад.


Тундмизоҷ беаклӣ мекунад, ва шахси дасисакор нафратангез аст.


Собир пурхирад аст, вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад.


Шахси тундмизоҷ нифоқ меандозад, вале собир ҷанҷолро сокит мекунад.


Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад, вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад.


Собир беҳ аз баҳодур, ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон.


Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст: пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.


Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст.


Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст.


Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.


Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.


Пурхашм албатта ҷазо мебинад, чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.


Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад, ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад.


Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест, мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст.


Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.


Ва модахар фариштаи Худовандро дида, зери Билъом хобид; ва хашми Билъом аланга зад, ва ӯ модахарро бо таёқаш задан гирифт.


Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро „реқо“ гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ „аҳмақ“ гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.


Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.


Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.


Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.


Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба сузанони Ӯ гӯш медоданд.


Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:


Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту ҳуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем».


Вақте ки гайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешакӣ таъин шуда буданд, имон оварданд,


Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;


Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.


Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад;


Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;


Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.


Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;


Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.


Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.


Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,


Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.


Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.


Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?


Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.


Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.


Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.


Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,


Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan