Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

18 Ӯ аз рӯйи хости Худ ба воситаи пайғоми ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввалин бошем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:18
24 Iomraidhean Croise  

Исроил барои Худованд қудс аст, ва навбари меваҳои Ӯ; онҳое ки онро бихӯранд, маҳкум хоҳанд шуд, ва мусибате бар онҳо хоҳад омад», — мегӯяд Худованд.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.


Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!


Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.


Чунон ки навишта шудааст: «Ман туро падари халқҳои бисьёр гардондам», — дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад.


Зеро, агарчи шумо ҳазорон носеҳон дар Масеҳ доред, лекин падарони бисьёр надоред: ман шуморо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ба дуньё овардаам.


Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,


То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.


Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед,


Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.


Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд,


Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:


Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.


Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,


Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.


Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan