Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яъқуб 1:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яъқуб 1:14
24 Iomraidhean Croise  

Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.


Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.


Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.


Ва Довуд қосидон фиристод, то ки варо бигиранд; ва вай назди ӯ омад, ва ӯ бо вай хобид, дар сурате ки вай аз наҷосати худ пок шуда буд; ва вай ба хонаи худ баргашт.


Ва дили ман ба таври ниҳонӣ фирефта шуда, даҳони ман дастамро бӯсида бошад,


Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад, ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам, —


Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст.


Ӯ бод мепаймояд: дили гумроҳаш ӯро дар иштибоҳ меандозад, ва ӯ наметавонад ҷони худро раҳо карда, бигӯяд: «Оё он чи дар дасти рости ман аст, дурӯғ нест?»


Худро ба ҳалокат расондаӣ, эй Исроил, зеро ки такьягоҳи ту фақат дар Ман аст.


Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад;


Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».


Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки Ӯро иблис биозмояд,


Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад.


Чунки гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт.


Пас, оё чизи нек барои ман сабаби мамот шуд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки гуноҳ сабаби он шуд: барои он ки вай ҳамчун гуноҳ зоҳир шавад, ба воситаи чизи нек ба ман мамот овард, то ки гуноҳ ба воситаи ҳукми шариат ниҳоятдараҷа азим гардад.


Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед,


Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад.


Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,


Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan