Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

8 Айнан ҳамин тавр ин шахсони хобу хаёлпараст низ ҷисмашонро ҳаром мекунанду ҳеҷ ҳокимиятро қабул наменамоянд ва қувваҳои осмониро бадгӯйӣ мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:8
23 Iomraidhean Croise  

Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».


Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй.


Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд ва модари худро табрик намегӯянд.


Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.


Ҳатто дар хаёли худ ба подшоҳ лаънат нагӯй, ва дар хонаи хоби худ ба сарватдор лаънат нахон, чунки мурғи ҳаво овозатро хоҳад бурд, ва болдор суханонатро хабар хоҳад дод.


Ва ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ омада, ба онҳо гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқаддасанд, ва Худованд дар миёни онҳост. Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред?»


Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад;


Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигӯед;


Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: „Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.


Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: „Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй“».


Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: „Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?


Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд


Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.


Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.


Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,


Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.


Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan