Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садуму Амуро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:7
27 Iomraidhean Croise  

Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.


Ва Худованд гуфт: «Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро бисьёр шудааст, ва гуноҳашон бағоят гарон шудааст.


Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».


Ва бақияи ливотагаронро, ки дар айёми падараш Осо боқӣ монда буданд, аз рӯи замин маҳв кард.


Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем.


Ва Бобил, ки шукӯҳи мамлакатҳо ва шавкати ифтихори калдониён аст, мисли Садӯм ва Амӯро хоҳад шуд, ки онҳоро Худо вожгун карда буд.


Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»


Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад, ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд; бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад,


Чунон ки Худо Садӯм ва Амӯро ва ҳамсояҳошонро вожгун намуд, — мегӯяд Худованд, — ончунон касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он зиндагӣ нахоҳад кард.


Ва маъсияти духтари қавми ман аз гуноҳи Садӯм бузургтар аст, ки он дар як мижа задан вожгун шуд, бе он ки касе дастҳояшро ба он расонда бошад.


Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.


«Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам, монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро ба амал овардааст, ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд,


Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.


Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад буд».


Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:


Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.


Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,


„Тамоми замин сӯхта, ба кибрит ва шӯра табдил ёфтааст, кишт карда намешавад, ва ҳосиле намерӯёнад, ва ҳеҷ як алафе дар он намесабзад, монанди табаддулоти Садӯм ва Амӯро, Адмо ва Сабӯим, ки онҳоро Худованд дар хашм ва ғазаби худ вожгун карда буд“.


Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ


Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.


Ва бисьёр касон фисқу фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд.


Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,


Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan