Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Зеро баъзе касон, ки дар бораи ҷазо гирифтанашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шуда буд, дар миёни шумо пинҳонӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзу меҳрубонии Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:4
32 Iomraidhean Croise  

Вақте ки мавҷҳои мамот маро фаро гирифт, селҳои ҳалокат маро ба ҳарос андохт,


Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;


Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.


Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт;


Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.


Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;


Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш соҳтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки „бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед“, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем,


Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Исои Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:


Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.


То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад,


Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.


Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард;


Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.


Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.


Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд.


Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?


Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,


Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, —


Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.


Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.


То ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд».


Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.


Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳон одилонаи Ту зоҳир шудааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan