Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Эй азизон, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоте нависам, ки мо бо ҳам дар он шарик ҳастем. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то имонеро, ки боре ба халқи Худо дода шудааст, ҳимоя намоед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:3
44 Iomraidhean Croise  

Ва ман онҳоро мазаммат намудам, ва ба онҳо лаънат хондам, ва баъзе касонро аз байни онҳо кӯфтам, ва мӯйҳошонро кандам, ва онҳоро ба Худо қасам дода, гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ ва барои худ нагиред.


Аммо Исроил дар Худованд наҷот хоҳад ёфт, ки наҷоти ҷовидонӣ хоҳад буд; шумо то абад хиҷил ва расво нахоҳед шуд,


Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.


«Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд, ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд, зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.


Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст.


Зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рӯи Навиштаҳо исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст.


Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.


Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид».


Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».


Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд.


Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;


Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.


Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд,


Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад.


Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.


Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам.


Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:


Ва ту хуни ноҳақро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод, агар он чиро, ки дар назари Худованд дуруст аст, ба амал оварӣ.


Ва Худованд ду лавҳи сангро, ки бо ангушти Худо навишта шуда буд, ба ман дод, ва бар онҳо ҳамаи суханоне буд, ки Худованд дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъомад ба шумо гуфта буд;


Павлус ва Тимотиюс, ғуломони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон ва ходимон:


Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,


Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.


Мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем.


Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,


Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.


Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.


Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.


Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.


Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.


Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.


Шимъӯни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул карданд:


Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рӯй гардонанд.


Яҳудо, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд:


Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба ҳотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд:


Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта,


Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд.


Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan