Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:24 - Китоби Муқаддас 1992 1999

24 Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

24 Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта, бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши шукӯҳу ҷалоли Худ оварда метавонад, яъне

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:24
28 Iomraidhean Croise  

Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд; ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.


Зеро ки онҳо бо шамшери худ заминро мусаххар накардаанд, ва онҳоро бозуи онҳо наҷот надодааст, балки ямини Ту ва бозуи Ту ва нури рӯи Ту, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту бар онҳо буд.


Ва коҳини поккунанда шахси покшавандаро бо ин чизҳо ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.


Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард;


Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,


Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.


Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард;


Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.


Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?


Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.


Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.


Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,


Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, —


Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.


Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,


Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;


Вақте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.


Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.


Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.


Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.


Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд,


Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед.


Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan