Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

18 Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон шахсоне пайдо мешаванд, ки ростии Худоро масхара карда, аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:18
11 Iomraidhean Croise  

Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард;


Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.


Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;


Аммо дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.


Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.


Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan