Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:16
38 Iomraidhean Croise  

Ба касе рӯйбинӣ нахоҳам кард, ва ба одаме тамаллуқ нахоҳам гуфт.


Ва ҳол он ки Ӯ ба мирон рӯйбинӣ намекунад, ва сарватдорро аз бенаво афзал намедонад, чунки ҳамаашон амали дастҳои Ӯ ҳастанд.


Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд, ва мавҷҳои онро бардошт.


Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.


Ва осмонро хамонида, нузул кард, ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд.


Дар дили худ гуфтаанд: «Онҳоро аз як сар нест мекунем», — ва ҳамаи куништҳои Худоро дар замин сӯзондаанд.


Рӯйбинӣ кардан хуб нест; аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.


Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст, аз хирад воқиф хоҳанд шуд, ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт».


Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ нанамо ва ба шахси бузург тамаллуқ накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо.


Ва он касоне ки Мусо барои ҷосусии замин фиристода буд, ва онҳо чун баргаштанд, овозаи бад дар бораи замин паҳн карда, тамоми ин ҷамоатро ба муқобили ӯ ба шӯр оварданд, —


Бинобар ин ту ва ҳамаи шариконат ба муқобили Худованд ҷамъ шудаед. Ва Ҳорун чӣ гуноҳ дорад, ки аз вай шиква мекунед?»


Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куштед!»


Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад».


Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.


Китобдонон ва фарисиён норизогӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?»


Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд».


Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад?


Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо шиква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.


Вале ман мегӯям: бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард;


Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.


Ва дар хаймаҳои худ шиква карда, гуфтед: „Азбаски Худованд ба мо адоват дошт, моро аз замини Миср берун овард, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, несту нобуд кунад.


Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,


На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;


Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;


Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,


Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед


То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.


Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,


Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


То ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд».


Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan