Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Яҳудо 1:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Ҳамчунин Ҳанух, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор нафарони халқи Худ меояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Яҳудо 1:14
18 Iomraidhean Croise  

Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.


Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард, ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт.


Ва шумо сӯи дараи кӯҳҳои Ман хоҳед гурехт, зеро ки дараи кӯҳҳо то Осал хоҳад расид; ва шумо хоҳед гурехт, чунон ки дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, аз заминҷунбӣ гурехта будед; ва Худованд Худои ман хоҳад омад, ва ҳамаи муқаддасон ҳамроҳи Ӯ.


Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,


Ва гуфт: «Худованд аз Сино омад, ва аз Сеир бар онҳо тулӯъ кард, аз кӯҳи Форон зоҳир шуд, ва аз миёни беварҳои муқаддасон падид омад; аз ямини Ӯ оташи шариат барои онҳо фурӯзон буд.


Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар қудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.


Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон,


Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.


Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳо‐бевар ва ҳазорҳо‐ҳазор буд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan