9 Ва баҳодурони ту, эй Темон, ба ҳарос хоҳанд афтод, то ки ҳар яке аз кӯҳи Эсов аз куштор несту нобуд гардад.
Ва писарони Алифоз Темон, Ӯмор, Сафӯ, Ҷаътом ва Қеназ буданд.
Ва Йӯбоб мурд, ва дар ҷояш Ҳушом аз замини темониён подшоҳӣ кард.
Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.
Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.
Инак, ӯ мисли уқоб парвоз намуда, ҳамла хоҳад овард ва болҳои худро бар Басра паҳн хоҳад кард; ва дили баҳодурони Адӯм дар он рӯз мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад, хоҳад шуд».
Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бар Адӯм дароз хоҳам кард, ва одамону чорпоёнро аз он маҳв хоҳам сохт, ва онро валангор хоҳам намуд; аз Темон то Дадон аз шамшер хоҳанд афтод.
Ва оташе ба Темон хоҳам фиристод, ва қасрҳои Басраро фурӯ хоҳад бурд».
Ва касе ки ҷасуртарини паҳлавонон бошад, дар он рӯз бараҳна хоҳад гурехт», мегӯяд Худованд.
Ва наҷотдиҳандагон ба кӯҳи Сион хоҳанд баромад, то ки бар кӯҳи Эсов доварӣ кунанд; ва малакут аз они Худованд хоҳад шуд».
Агар дуздон ё ғоратгарон шаб назди ту меомаданд, — ту чӣ гуна валангор шудаӣ! — онҳо, охир, фақат он қадар, ки барояшон кифоят бошад, медуздиданд; агар ангурчинон назди ту меомаданд, онҳо, охир, баъзе шингилҳоро боқӣ мегузоштанд.
Инак, қавми ту мисли занонанд андаруни ту; дарвозаҳои замини ту барои душманонат васеъ кушода мешавад; оташ ғалақаҳояшро сӯзонидааст.
Худо аз Темон меояд, ва Куддус — аз Форон. Село. Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст, ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст.
Бо онҳо низоъ накунед, зеро ки аз замини онҳо ба андозаи як кафи пой ҳам ба шумо нахоҳам дод, чунки кӯҳи Сеирро ба тасарруфи Эсов додаам.