Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ҳамаи иттифоқчиёнат туро то сарҳад бадар ронданд; хайрхоҳонат туро дар иштибоҳ андохта, бар ту ғолиб омаданд; хӯрандагони нонат доме дар таги ту ниҳоданд, ва дар ҳаққи ту мегӯянд: „Хираде дар онҳо нест!“

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:7
16 Iomraidhean Croise  

Ба Худое ки сахраи ман аст, мегӯям: Чаро маро фаромӯш кардаӣ? Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?


Рӯзона Худованд эҳсони Худро зоҳир хоҳад кард, ва шабона суруди Ӯ бо ман хоҳад буд, ки дуоест пеши Худои ҳаёти ман.


Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.


Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам, ва даҳшат дар гирду пеш буд: «Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд». Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам, бар ман камин мекунанд: «Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем, ва интиқоми худро аз ӯ бигирем».


Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.


„Инак, ҳамаи заноне ки дар хонаи подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил бурда хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: дӯстонат туро иғво андохта, бар ту ғолиб омаданд; пойҳои ту дар ботлоқ ғӯтидааст, онҳо ақиб рафтаанд.


Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.


Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?


Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.


Азоби зане ки мезояд, ба сари ӯ хоҳад омад; ӯ писари бохирад нест, вагар на дар вақти таваллуди тифлон бисьёр даранг намекард.


Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.


Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: „Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan