6 Неъматҳои Эсов чӣ гуна кофтуков, ва ганҷҳои ниҳонии ӯ чӣ гуна ошкор карда шудааст!
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Ва кӯдакони онҳо дар пеши назари онҳо ба деворҳо зада кушта хоҳанд шуд, хонаҳои онҳо тӯъмаи тороҷ хоҳад гардид, ва ба номӯси занони онҳо таҷовуз карда хоҳад шуд.
Ва хазинаҳои зулмот ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод, то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро ба номи ту хондаам, Худои Исроил ҳастам.
Лекин Ман Эсовро тамоман луч кардаам, ҷойҳои ниҳонии ӯро ошкор намудаам, ва ӯ наметавонад пинҳон шавад; насли ӯ, ва бародарони ӯ, ва ҳамсоягони ӯ торумор гардидаанд, ва ӯ нест шудааст.
Шамшере бар аспони ӯст ва бар аробаҳои ӯст, ва бар тамоми мардуми гуногунқабилае ки андаруни ӯ ҳастанд, ва онҳо мисли занон хоҳанд буд; шамшере бар хазоини ӯст, ва онҳо толону тороҷ хоҳанд шуд;
Ӯ чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор мекунад, он чиро, ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст.