Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Агар дуздон ё ғоратгарон шаб назди ту меомаданд, — ту чӣ гуна валангор шудаӣ! — онҳо, охир, фақат он қадар, ки барояшон кифоят бошад, медуздиданд; агар ангурчинон назди ту меомаданд, онҳо, охир, баъзе шингилҳоро боқӣ мегузоштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:5
13 Iomraidhean Croise  

Ҳашамати ту, эй Исроил, бар баландиҳоят шаҳид гардид! Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!


Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!


Ва мисли меваҳое ки бар дарахти зайтун баъд аз зада афшондани он боқӣ мемонад, дар ӯ ду‐се донае бар сари шохаи баландаш, ва чор‐панҷ донае бар навдаҳои боровараш боқӣ хоҳад монд, — мегӯяд Худованд, Худои Исроил.


Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд, чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.


Агар ангурчинон назди ту оянд, оё баъзе шингилҳоро боқӣ намегузоранд? Агар дуздон шабона биёянд, оё фақат он қадар, ки ба онҳо лозим бошад, намедузданд?


Путки тамоми замин чӣ гуна вожгун ва торумор шудааст, ва Бобил дар миёни халқҳо мавриди даҳшат гардидааст!


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Бақияи Исроилро мисли шингилҳои боқимондаи ток хоҳанд чид: дасти худро мисли ангурчин ба шингилҳо дароз кун».


Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!


Ва баҳодурони ту, эй Темон, ба ҳарос хоҳанд афтод, то ки ҳар яке аз кӯҳи Эсов аз куштор несту нобуд гардад.


Вой ба ҳоли ман! Зеро ки мисли анҷоми ғунучини меваҳои тобистон, мисли чидани шингилҳои охирини ангур гардидаам: на шингиле барои хӯрдан ҳаст, на навбари анҷир, ки ҷонам иштиёқманди он аст.


Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида, ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст! Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.


Вақте ки ангури токзори худро ғунучин намоӣ, дуюмбора боқимондаи онро начин: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад.


Ва аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, хоҳанд гуфт: „Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро ки дар як соат қазои ту омадааст“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan