4 Агарчи ту худро мисли уқобе баланд мекунӣ, ва лонаи худро дар миёни ситорагон месозӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, мегӯяд Худованд.
Ва дасти ман сарвати қавмонро мисли лонае гирифтааст, ва мисли он ки тухмҳои дар лона бударо чида мегиранд, ман тамоми заминро чида гирифтам, ва ҷонваре набуд, ки бол ҷунбонад, ва даҳон кушояд, ва чириқ‐чириқ кунад».
Эй, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ ва қуллаи теппаро ишғол намудаӣ, ҳайбати ту ва шарорати дили ту туро фирефта кардааст, лекин агарчи ту лонаи худро мисли уқобе баланд сохтаӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.
Ҳатто агар Бобил то ба афлоқ барояд, ва ҳатто агар иқтидори худро дар истеҳкомоти баланд пурзӯр созад, аз ҷониби Ман тороҷгарон бар он хоҳанд омад», — мегӯяд Худованд.
Агар дӯзахро рахна карда фурӯд оянд, дасти Ман онҳоро аз он ҷо хоҳад гирифт; ва агар ба осмон сууд кунанд, онҳоро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард.
Вой ба ҳоли касе ки барои хонаи худ бо роҳи бадӣ дороӣ меандӯзад, то ки лонаи худро дар баландӣ барпо намуда, худро аз дасти шарорат раҳо кунад!