3 Такаббури дилат туро фирефта кардааст; ту, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ, ва масканат дар макони баланд аст, дар дили худ мегӯӣ: „Кист, ки маро ба замин фурӯд оварад?“
Ва Эсов дар кӯҳи Сеир маскан гирифт, ки Эсов ҳамон Адӯм бошад.
Ӯ даҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт, ва Селаъро дар ҷанг забт намуда, ба он Ёқтеил ном дод, ки то имрӯз чунин аст.
Ва Амасьё далер гардида, қавми худро пеш бурд, ва ба дараи Милҳ расида, аз банӣ‐Сеир даҳ ҳазор нафарро кушт.
Ва банӣ‐Яҳудо даҳ ҳазор нафарро зинда асир карда, ба қуллаи Солаъ оварданд; ва онҳоро аз қуллаи Солаъ партофтанд, ва ҳамаашон нобуд шуданд.
Ҳарчанд ки шавкаташ то ба осмон баланд гардад, ва сараш ба абрҳо бирасад,
Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ.
Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.
Ғурури одам варо хор мекунад, вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.
Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст, дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем: лофу газофи вай пуч аст.
«Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй сокинаи водӣ ва эй сахраи ҳомун, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ки мегӯянд: „Кист, ки бар мо ҳуҷум оварад, ва кист, ки ба масканҳои мо дохил шавад?“
Худованд чунин мегӯяд: худро фирефта карда, нагӯед, ки „калдониён аз пеши мо ҳатман хоҳанд рафт“, зеро ки онҳо нахоҳанд рафт.
Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед, эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед, ки дар лаби ҷар лона месозад.
Эй, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ ва қуллаи теппаро ишғол намудаӣ, ҳайбати ту ва шарорати дили ту туро фирефта кардааст, лекин агарчи ту лонаи худро мисли уқобе баланд сохтаӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.
Чаро аз водиҳои худ, ки водиҳои баруманд аст, фахр менамоӣ, эй духтари муртад, ки ба ганҷҳои худ умед баста, мегӯӣ: „Кист, ки назди ман ояд?“
Дар баробари вусъат ёфтани тиҷорати ту ботинат аз ситам пур шуд, ва ту гуноҳ кардӣ, ва Ман туро аз кӯҳи Худо сарнагун сохтам, ва туро, эй каррубии сояафкан, аз даруни сангҳои оташин нест кардам.
Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».