Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва наҷотдиҳандагон ба кӯҳи Сион хоҳанд баромад, то ки бар кӯҳи Эсов доварӣ кунанд; ва малакут аз они Худованд хоҳад шуд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:21
37 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».


Ва Худованд раҳокунандае ба Исроил дод, ва онҳо аз зери дасти Арам берун омаданд, ва банӣ‐Исроил дар хаймаҳои худ мисли дирӯз ва парирӯз сокин шуданд.


Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд, ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд, ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.


Айёми инсон мисли алаф аст, мисли гули саҳрост: ончунон мешукуфад,


Ларза онҳоро дар он ҷо фаро гирифт ва дарди сахт, ба монанди зане ки мезояд.


Аммо одилон шодӣ хоҳанд кард, пеши Худо хурсанд хоҳанд шуд, ва аз шодмонӣ ба ваҷд хоҳанд омад.


Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.


Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.


Ва хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисьёреро ба адолат ҳидоят намудаанд, — мисли ситорагон хоҳанд буд то абад.


Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.


Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.


Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.


Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт, зеро ки дар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим, чунон ки Худованд гуфтааст, наҷотьёфтагон хоҳанд буд, ва дар миёни боқимондагон касоне ки Худованд онҳоро хондааст.


Ва лангонро бақия, ва дуршудагонро халқи азим хоҳам гардонид; ва Худованд дар кӯҳи Сион бар онҳо аз ҳоло то абад подшоҳӣ хоҳад кард».


Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона.


Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;


Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.


То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».


Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.


Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.


Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».


Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар таҳти салтанат нишастааст.


Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;


Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan