13 Ба дарвозаи қавми Ман дар рӯзи ҳалокаташон дохил нашав, ту низ дар рӯзи ҳалокаташон бадбахтии онҳоро тамошо накун, ва дар рӯзи ҳалокаташон ба дороии онҳо даст дароз накун.
Шояд, Худованд залолати маро бубинад, ва Худованд дар бадали дашноми имрӯзаи вай ба ман подоши неке бидиҳад».
Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам, ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам, —
Сарбозони зархариди дар миёни он буда низ мисли гӯсолаҳои охурӣ мебошанд, лекин онҳо низ якҷоя қафо гашта гурехтанд ва натавонистанд истодагӣ намоянд, зеро ки рӯзи ҳалокаташон, замони ҷазояшон бар онҳо омадааст.
Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,
Азбаски ту адовати доимӣ доштӣ, ва банӣ‐Исроилро дар вақти мусибаташон, дар ниҳояти гуноҳашон ба дами шамшер несту нобуд кардӣ,
Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски душман дар ҳаққи шумо мегӯяд: „Ҳай‐ҳай! Баландиҳои қадимӣ ҳам мероси мо шудааст“,
Бинобар ин нубувват намо ва бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски шуморо валангор кардаанд ва аз ҳар ҷониб мехоҳанд фурӯ баранд, то ки мероси бақияи халқҳо шуда, вирди забон ва мавриди бӯҳтони мардум гардед,
Ва бар халқҳои бепарво бағоят хашмгин ҳастам: вақте ки хашми Ман андак буд, онҳо бадиро афзун карданд.