Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Рӯзи бародари худро, рӯзи шикасти ӯро тамошо накун, ва дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо дар рӯзи ҳалокати онҳо шодӣ нанамо, ва дар рӯзи мусибат даҳон ба лоф накушо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:12
27 Iomraidhean Croise  

Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд, ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.


Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам, ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам, —


Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд, ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.


Ва ман гуфтам: «Кошки ман мисли кабӯтар болу пар медоштам: парвоз карда, фароғат меёфтам;


Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст; бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт. Барои Ман фарьёд зан, эй замини Фалиштӣ!»


Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.


Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтаӣ: „Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам;


Ҳамаи душманонат даҳони худро бар ту кушодаанд, ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда, мегӯянд: «Онро талаф кардем! Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!»


Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.


Ва хоҳӣ донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ҳамаи дашномҳои туро, ки дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил ба забон рондӣ, шунидаам, яъне гуфтӣ: «Валангор шудааст! Барои хӯрдани мо дода шудааст!»


Чунон ки ту бар мероси хонадони Исроил, вақте ки он валангор шуд, шодӣ кардӣ, ончунон Ман бо ту амал хоҳам намуд; кӯҳи Сеир ва тамоми Адӯм саросар валангор хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман бо оташи рашки Худ дар ҳаққи бақияи халқҳо ва дар ҳаққи тамоми Адӯм сухан рондаам, ки онҳо замини Маро бо шодии ҳар дил ва бо нафрати амиқ мероси худ гардонидаанд, то ки чарогоҳҳои онро ба тороҷ диҳанд.


Ва алҳол халқҳои бисьёр бар зидди ту ҷамъ омада, мегӯянд: «Сион палид хоҳад шуд, ва чашмони мо инро хоҳад дид!»


Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд


Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.


Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;


Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.


Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.


Суханони ҳавобаландонаро афзун накунед; нутқи густохона аз даҳонат набарояд; зеро ки Худованд Худои ҳамадон аст, ва тамоми аъмол назди Ӯ санҷида мешавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan