Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Дар он рӯзе ки ту дар рӯ ба рӯ меистодӣ, дар он рӯзе ки бегонагон дороии ӯро тороҷ мекарданд, ва аҷнабиён ба дарвозаҳои ӯ дохил мешуданд, ва дар ҳаққи Ерусалим қуръа мепартофтанд, ту низ мисли яке аз онҳо будӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:11
13 Iomraidhean Croise  

Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва таслимшудагонро, ки ба подшоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва бақияи оммаро Набузаръадон, сардори ҷаллодон, ба асирӣ бурд.


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам; ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ.


Хушо сокинони хонаи Ту, ки Туро гашта‐баргашта мадҳ менамоянд. Село.


Хушо касоне ки қувваташон дар Туст, ва тариқҳоят дар дили онҳост.


Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,


Ва бар қавми Ман қуръа партофтаанд, ва писареро дар ивази фоҳиша додаанд, ва духтареро дар ивази шароб фурӯхтаанд, то ки бинӯшанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Ғазза, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоатро ба асирӣ бурданд, то ки ба Адӯм таслим кунанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Сӯр, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоати асиронро ба Адӯм таслим карданд, ва аҳди бародариро ба ёд наоварданд.


Вай низ ҷалои ватан шуда, ба асирӣ рафтааст; кӯдаконаш низ дар сари ҳар кӯча ба сангҳо зада кушта шудаанд; ва бар ашрофи вай қуръа партофтаанд, ва тамоми акобираш бо занҷирҳо баста шудаанд.


Ин ба сари онҳо аз боиси кибрашон хоҳад омад, зеро ки дар ҳаққи қавми Худованди лашкарҳо таҳқир ва калонигарӣ карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan