Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Аз боиси зулме ки ту дар ҳаққи бародарат Яъқуб кардаӣ, хиҷолат туро хоҳад пӯшонид, ва ту ба сурати абадӣ маҳв хоҳӣ шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:10
30 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб ба модари худ Ривқо гуфт: «Бародарам Эсов марди мӯйдор аст, лекин ман марди бемӯй ҳастам.


Ва Эсов ба Яъқуб ба сабаби он баракате ки падараш ӯро дода буд, кина варзид; ва Эсов дар дили худ гуфт: «Айёми навҳагарӣ барои падарам наздик аст, ва он гоҳ бародари худ Яъқубро хоҳам кушт».


Ва боз адӯмиён омада, Яҳудоро зарба заданд, ва ба асирӣ гирифтанд.


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Баракатҳо бар сари одил аст, вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад.


Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.


Худованд дар бораи ҳамаи ҳамсоягони шарири Худ, ки таҷовуз менамоянд ба мулке ки Ӯ ба қавми Худ — Исроил мерос додааст, чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро аз заминашон хоҳам барканд, ва хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо хоҳам барканд.


Пас, дар қабоҳати худ бихобем, ва расвоии мо моро хоҳад пӯшонид, зеро ки мо пеши Худованд Худои худ гуноҳ кардаем, — мо ва падарони мо, аз ҷавонии мо ва то ҳамин рӯз; ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем.


Зеро ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки Басра мавриди даҳшат ва нанг ва харобӣ ва лаънат хоҳад шуд, ва ҳамаи шаҳрҳояш ба харобазори абадӣ табдил хоҳад ёфт».


Мо хиҷил шудем, ҳангоме ки ҳақорат шунидем; нанг рӯи моро пӯшонид, ҳангоме ки аҷнабиён ба қудсҳои хонаи Худованд дохил шуданд.


Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.


Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст: Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард. Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм, Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.


Туро ба харобазори абадӣ табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои ту маскун нахоҳад шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва палос дар бар хоҳанд кард, ва ларза онҳоро фаро хоҳад гирифт; ва бар ҳамаи рӯйҳо хиҷолат дида хоҳад шуд, ва мӯйсари ҳамаашон тарошида хоҳад шуд.


Миср вайрона хоҳад шуд, ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт, аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо карданд, яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.


Ва душманам инро хоҳад дид, ва ӯро хиҷолат фаро хоҳад гирифт, ки ӯ ба ман мегӯяд: «Худованд Худои ту куҷост?» Чашмони ман ӯро хоҳад дид, вақте ки ӯ мисли лои кӯчаҳо поймол гардад.


Аз адӯмӣ нафрат накун, зеро ки вай бародари туст; аз мисрӣ нафрат накун, зеро ки ту дар замини вай ғариб будӣ;


Фарзандоне ки аз онҳо таваллуд меёбанд, дар насли сеюм метавонанд ба ҷамоати Худованд дохил шаванд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan