Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Убадьё 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Рӯъёи Убадьё. Худованд Худо дар бораи Адӯм чунин мегӯяд: «Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам, ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст: „Бархезед, ва бар зидди вай барои ҷанг бархезем“.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Убадьё 1:1
28 Iomraidhean Croise  

Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм номиданд.


Ва Эсов дар кӯҳи Сеир маскан гирифт, ки Эсов ҳамон Адӯм бошад.


Ва ин аст насаби Эсов, падари адӯмиён, дар кӯҳи Сеир.


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Ваҳй дар бораи Думо. Маро аз Сеир фарьёд мекунанд: «Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст? Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?»


Посбон гуфт: «Субҳ меояд, вале ҳанӯз шаб аст. Агар боз пурсидан хоҳед, бипурсед: бори дигар биёед».


Зеро ки мирони ӯ дар Сӯан мебошанд, ва злчиёни ӯ ба Ҳонис расидаанд;


Ва ман косаро аз дасти Худованд гирифтам ва ба ҳамаи халқҳое ки Худованд маро назди онҳо фиристод, нӯшонидам:


Ва ба Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн;


Ва бигзор дили шумо суст нашавад, ва шумо аз овозае ки дар замин шунида хоҳад шуд, натарсед; он овоза дар як сол ба гӯш хоҳад расид, ва дар соли баъд аз он овозаи дигаре; ва зулм дар замин ҳукмфармо гардида, ҳокиме ба муқобили ҳокиме қиём хоҳад кард.


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


Миср вайрона хоҳад шуд, ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт, аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо карданд, яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.


Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».


Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:


Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan