Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.
Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такья менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд, ва аз Худованд дархост намекунанд!
Арамиёнро аз шарқ, ва фалиштиёнро аз ғарб; ва онҳо Исроилро бо иштиҳои тамом хоҳанд хӯрд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Насибаи ту, қисмате ки барои ту аз ҷониби Ман чен карда шудааст, ҳамин аст, — мегӯяд Худованд, — аз он сабаб, ки ту Маро фаромӯш кардаӣ ва ба дурӯғ эътимод намудаӣ.
Дар фисқу фуҷур ту он қадар палид гаштӣ, ки ҳарчанд Ман туро тоза кардам, аз палидии худ тоза нашудӣ; то хашми Худро Ман бар ту ба итмом нарасонам, ту дигар тоза нахоҳӣ шуд.