Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Сафаниё 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Сафаниё 2:3
44 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ гуфт: «То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гирья кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: „Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад“.


Маро ба ёд ор, эй Худованд, вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун,


Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.


Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд, ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд. Село.


Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд.


Магар эҳсони Ӯ ба сурати абадӣ хотима ёфтааст, ва қавли Ӯ то абадуддаҳр ботил шудааст?


Тарона. Суруди рӯзи шанбе.


Бигӯед: „Ин қурбонии фисҳ барои Худованд аст, ки Ӯ дар Миср, вақте ки мисриёнро зарба зад, аз болои хонаҳои банӣ‐Исроил ҷаҳида гузашт, ва хонаҳои моро раҳоӣ дод“». Ва қавм сар хам карда, саҷда бурданд.


Исми Худованд бурҷи кувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.


Некӯкориро таълим гиред; толиби адлу инсоф бошед; ба мазлум халосӣ диҳед; ба ятим додгарӣ намоед; бевазанро ҳимоят кунед».


Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд; ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад, ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.


Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;


Зеро ки туро ҳатман халосӣ хоҳам дод, ва ту ба дами шамшер нахоҳӣ афтод, ва ҷонат барои ту ғанимат хоҳад гардид, чунки ту ба Ман таваккал кардӣ, — мегӯяд Худованд“».


Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».


Шумо ба рахнаҳо набаромадед ва деворе барои хонадони Исроил барпо накардед, то ки онҳо дар рӯзи Худованд дар ҷанг истодагӣ намоянд.


Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.


Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст, вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд ва Ӯро толиб намешаванд.


Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: рӯзаи моҳи чорум ва рӯзаи моҳи панҷум, ва рӯзаи моҳи ҳафтум ва рӯзаи моҳи даҳум барои хонадони Яҳудо ба шодӣ ва хурсандӣ ва идҳои нек мубаддал хоҳад шуд; валекин ростӣ ва осоиштагиро дӯст доред.


Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.


Ва боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;


Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред


Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,


Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,


Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan