Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Сафаниё 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 «Ва дасти Худро бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам, ва бақияи Баал, ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Сафаниё 1:4
14 Iomraidhean Croise  

Ва бар Ерусалим ресмони Сомария ва шоқули хонаи Аҳъобро хоҳам кашид, ва Ерусалимро пок хоҳам кард, чунон ки кас табақчаро пок мекунад, — пок мекунаду чаппа мегардонад.


Ва қурбонгоҳҳоеро, ки бар боми болохонаи Оҳоз буд, ва подшоҳони Яҳудо онҳоро сохта буданд, ва қурбонгоҳҳоеро, ки Менашше дар ду саҳни хонаи Худованд сохта буд, подшоҳ хароб кард, ва аз он ҷо сарнагун намуда, гарди онҳоро ба наҳри Қидрӯн андохт.


Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард‐гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид.


Ҳамин ки ямини Худро дароз кардӣ, замин онҳоро фурӯ бурд.


Ту Маро тарк кардӣ, — мегӯяд Худованд, — ақиб гаштӣ; бинобар ин Ман дасти Худро бар ту дароз карда, туро талаф хоҳам намуд: аз пушаймон шудан безорам.


Ва хонаҳои онҳо, бо якҷоягии киштзорҳо ва занонашон, насиби дигарон хоҳанд шуд, чунки Ман дасти Худро ба муқобили сокинони ин замин дароз хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Бинобар ин, инак Ман дасти Худро бар ту дароз хоҳам кард ва туро ба тороҷи халқҳо хоҳам супурд, ва туро аз миёни қавмҳо маҳв хоҳам намуд, ва туро аз миёни кишварҳо барҳам хоҳам дод; туро несту нобуд хоҳам кард, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва Ман дасти Худро бар онҳо дароз карда, заминро дар ҳамаи иқоматгоҳҳои онҳо бештар аз биёбони Диблото валангор ва харобазор хоҳам гардонид; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».


Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.


Ва санамҳо ва сутунҳои туро аз андаруни ту маҳв хоҳам кард; ва дигар ба амали дастҳои худ саҷда нахоҳӣ кард;


Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.


Ва Ӯ дасти Худро бар шимол дароз карда, Ашшурро маҳв хоҳад намуд, ва Нинверо ба харобазоре, ба саҳрои хушке ки мисли биёбон бошад, табдил хоҳад дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan