Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Сафаниё 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 «Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам, мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр, ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам; ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам», мегӯяд Худованд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Сафаниё 1:3
22 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».


Пас, гуноҳи Яъқуб ба ин восита кафорат хоҳад шуд, ва тамоми самари дафъи хатои вай ҳамин хоҳад буд, ки вай ҳамаи сангҳои қурбонгоҳҳоро мисли сангҳои оҳаки шукуфта хоҳад гардонид, то ки бутҳои Ашера ва Ҳамон дигар барпо нашавад.


Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?» Ва Ӯ гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад, ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад.


Ва Худованд одамонро дур хоҳад кард, ва дар замин харобӣ бисьёр хоҳад шуд.


То ба кай замин мотам хоҳад гирифт, ва алафи ҳамаи саҳроҳо хушк хоҳад шуд? Чорпоён ва мурғон аз боиси шарорати сокинони он талаф мешаванд, зеро ки он шахсон мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро нахоҳад дид».


Зеро ки халқе аз шимол бар зидди он бархостаанд, ки замини онро биёбон хоҳанд гардонид, ва касе дар он сокин нахоҳад шуд: аз инсон то ҳайвон онро тарк карда, хоҳанд рафт.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд».


Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.


Азбаски ба онҳо ба хузури бутҳошон хизмат мекарданд, ва барои хонадони Исроил васвасаи гуноҳ гардиданд, бинобар ин дасти Худро бардошта қасам хӯрдам, мегӯяд Худованд Худо, ки онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт;


Нуқраи худро онҳо ба кӯчаҳо хоҳанд партофт, ва тиллои онҳо чизи наҷисе ҳисоб хоҳад ёфт; нуқра ва тиллои онҳо дар рӯзи қаҳри Худованд онҳоро халосӣ натавонад дод; онҳо ҷони худро аз он сер, ва амъои худро пур натавонанд кард, зеро ки он ба гуноҳи онҳо сабаб шудааст.


Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед; ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.


Онҳое ки зери сояи вай сокин буданд, баргашта, гандумзорро аз нав зинда хоҳанд кард, ва худашон мисли ток гул‐гул хоҳанд шукуфт, ва таърифашон мисли бӯи шароби Лубнон паҳн хоҳад шуд.


Бинобар ин замин мотам мегирад, ва ҳар сокини он, бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво, бемаҷол мегардад, ва моҳиёни баҳр низ нобуд мешаванд.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки Ман номҳои бутҳоро аз рӯи замин маҳв хоҳам намуд, ва онҳоро дигар ба ёд нахоҳанд овард; ва анбиёи дорои рӯҳи палидро низ аз замин нест хоҳам кард.


Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,


Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: „Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“»


Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ‐Исроил дом ниҳад, то ки онҳо курбониҳои бутҳоро бихӯранд ва зино кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan