Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.
Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?» Ва Ӯ гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад, ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад.
Ва ба Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: ту ин тӯморро сӯзонида, гуфтӣ: чаро ту дар он чунин навиштӣ: „Подшоҳи Бобил ҳатман хоҳад омад ва ин заминро валангор карда, одамон ва ҳайвонотро аз он барҳам хоҳад зад“?
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд».
Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.