Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Сафаниё 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Каломи Худованд, ки бар Сафаниё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Сафаниё 1:1
12 Iomraidhean Croise  

Ва Менашше бо падарони худ хобид ва дар боғи хонаи худ, дар боғи Уззо дафн карда шуд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Ва ӯро дар мақбараи ӯ дар боғи Уззо дафн карданд; ва писараш Йӯшиёҳу ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Ва Менашше бо падарони худ хобид, ва ӯро дар хонаи ӯ дафн карданд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,


Зеро Худованд дар бораи Шаллум ибни Йӯшиё, подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷои падараш Йӯшиё подшоҳ шуда, аз он макон берун рафтааст, чунин мегӯяд: «Ӯ дигар ба он ҷо нахоҳад баргашт,


«Аз соли сездаҳуми Йӯшиё ибни Омӯн подшоҳи Яҳудо ва то имрӯз, яъне бисту се сол боз, каломи Худованд бар ман нозил мешуд, ва ман онро ба шумо мегуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан мерондам, валекин шумо нашнидед.


Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.


Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.


Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,


Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan