Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 9:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 «Зеро инак, Ман амр хоҳам фармуд, ва хонадони Исроилро дар миёни ҳамаи халқҳо хоҳам бехт, чунон ки ғалла дар ғалбер бехта мешавад, ва сангчае бар замин намеафтад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 9:9
14 Iomraidhean Croise  

Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд аз соҳили наҳр то водии Миср хӯшаҳоро хоҳад кӯфт, ва шумо, эй банӣ‐Исроил, якто‐якто ҷамъ карда хоҳед шуд.


Оё ғалларо кӯфта, гард‐гард мекунанд? Не, чунки онро пай дар пай намекӯбанд, балки чархи аробаи ғаллакӯбро бо аспҳояш бар он мегардонанд, аммо онро гард‐гард намекунанд.


Ва нафаси Ӯ мисли селоби саршор аст, ки то ба гардан мерасад, то ки халқҳоро ғалбер карда ба дараҷаи нестӣ расонад, ва лаҷоми гумроҳиро ба даҳони қавмон андозад.


«Агар ин қонунҳо аз ҳузури Ман барҳам хӯрад, — мегӯяд Худованд, — он гоҳ насли Исроил низ дигар дар ҳузури Ман ба таври доимӣ халқ нахоҳанд буд».


Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — зеро Ман бо ту ҳастам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд».


Ва чор бодро аз чор канори осмон бар Элом хоҳам овард, ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда хоҳам кард, ва халқе нахоҳад буд, ки рондашудагони Элом ба он ҷо наоянд;


Ва онҳоеро, ки осӣ шуда, ба зидди Ман ҷиноят кардаанд, аз миёни шумо ҷудо хоҳам намуд; онҳоро аз замини иқоматгоҳашон берун хоҳам овард, вале ба замини Исроил ворид нахоҳанд шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кардам, ва онҳо дар кишварҳо парешон шуданд; бар тибқи рафтор ва кирдорашон Ман бар онҳо доварӣ намудам.


Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро дар миёни халқҳо ҷалои ватан кардам, ва онҳоро ба замини худашон ҷамъ овардам, ва касеро аз онҳо дигар дар он ҷо боқӣ нахоҳам гузошт,


Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.


Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.


Ва шуморо дар миёни халқҳо пароканда хоҳам намуд, ва аз паи шумо шамшер хоҳам кашид; ва замини шумо валангор, ва шаҳрҳои шумо хароб хоҳад шуд.


Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад;


Ва Худованд туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда хоҳад кард; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ва онҳоро ту ва падаронат намешинохтед, ибодат хоҳӣ кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan