4 Ва агар пешопеши душманони худ ба асирӣ бираванд, дар он ҷо шамшерро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бикушад, ва Ман чашми Худро бар онҳо барои бадӣ хоҳам нигаронид, ва на барои некӣ».
Ва бар онҳо ба некӣ назар хоҳам кард, ва онҳоро ба ин замин хоҳам баргардонид, ва онҳоро бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва мисли ниҳоле шинонида, решакан нахоҳам кард;
Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,
Зеро ки пеш аз он айём музде барои одам набуд, ва музде барои кори чорпоён набуд; ва барои онҳое ки даробаро мекарданд, осоиштагӣ аз дасти душман набуд, ва Ман ҳамаи одамонро ба зидди якдигар бармеангехтам.