3 Ва агар дар куллаи Кармил пинҳон шаванд, онҳоро аз он ҷо ҷустуҷӯ намуда, хоҳам гирифт; ва агар аз пеши назарам дар қаъри баҳр руст шаванд, дар он ҷо морро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бигазад.
Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод, ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт.
Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.