Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 9:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 То ки онҳо бақияи Адӯм ва ҳамаи халқҳоеро, ки исми Ман бар онҳо ниҳода шудааст, тасарруф намоянд», мегӯяд Худованд, ки инро ба амал меоварад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 9:12
17 Iomraidhean Croise  

Қавмҳо ба ту хизмат кунанд, ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд; бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ, ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд; ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод; ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»


Ва Исҳоқ ба Эсов ҷавоб дода, гуфт: «Инак, ӯро бар ту ҳукмфармо сохтам, ва ҳамаи бародаронашро ғуломони ӯ гардондам, ва ғалла ва шираи ангурро ба ӯ бахшидам; пас, барои ту, писарам, чӣ кунам?»


Ӯ то абад ба ҳузури Худо хоҳад нишаст; эҳсон ва ростиро амр фармо, ки ӯро нигаҳбонӣ кунанд.


Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб ҳуҷум хоҳанд овард, аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард, бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт, ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.


Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст, ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам, ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».


Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.


Ман барои онҳое ки Маро намепурсиданд, муҳайё будам; барои онҳое ки Маро намеҷустанд, ёфт мешудам; ба қавме ки намехостанд ба исми Ман номида шаванд, мегуфтам: «Инак Ман ҳозирам, инак Ман ҳозирам!»


Чаро Ту мисли шахси саргаранге мебошӣ, ва мисли паҳлавоне ки наметавонад наҷот диҳад? Валекин Ту, эй Худованд, дар миёни мо ҳастӣ, ва мо ба исми Ту номида шудаем, пас моро тарк накун.


Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.


Ва писарону духтарони шуморо ба дасти писарони Яҳудо хоҳам фурӯхт, то ки онҳоро ба шабоиён, ба халқи дурдасте бифрӯшанд, зеро ки Худованд гуфтааст.


Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».


То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад“.


Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan