Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 9:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Худовандро дидам, ки назди қурбонгоҳ истода буд, ва гуфт: «Сарҳои сутунҳоро бизан, то ки остонаҳо ба ларза ояд, ва онҳоро бар сари ҳама бишкан, ва боқимондагонро Ман ба дами шамшер хоҳам кушт: гурезпое аз онҳо нахоҳад гурехт, ва наҷотталабе аз онҳо наҷот нахоҳад ёфт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 9:1
28 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ гуфт: «Пас, каломи Худовандро бишнавед: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон ба тарафи рости Ӯ ва ба тарафи чапи Ӯ истода буданд.


Маломат диламро шикастааст, ва ман хеле ранҷур шудаам; ба дилсӯзе интизорӣ доштам, аммо набуд, ба тасаллидиҳандагон низ, лекин наёфтам.


Ва барои хӯрданам заҳра доданд, ва дар ташнагиам маро сирко нӯшонданд.


Ва гуфтед: «Не, мо бар аспон нишаста, хоҳем тохт», — пас, хоҳед тохт; «ва бар аспони сабукрав савор хоҳем шуд», — пас, таъқибкунандагони шумо сабукрав хоҳанд шуд.


Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.


Пас шамшере ки шумо аз он метарсед, он ҷо, дар замини Миср, шуморо хоҳад ёфт, ва қаҳтие ки шумо аз он хавотир доред, он ҷо, дар Миср, шуморо таъқиб хоҳад кард, ва дар он ҷо хоҳед мурд.


Он ки аз тарс бигрезад, дар чоҳ хоҳад афтод, ва он ки аз чоҳ барояд, гирифтори дом хоҳад шуд, зеро Ман бар вай, бар Мӯоб соли ҷазои онҳоро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.


Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин — намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози Ӯро шунидам, ки сухан меронд.


Ва ҷалоли Худованд аз болои каррубӣ ба остонаи маъбад баромад, ва абр хонаро пур кард, ва саҳн аз дурахши ҷалоли Худованд пур шуд.


Ва рӯи Худро ба зидди онҳо хоҳам нигаронид: онҳо аз як оташ берун омадаанд, вале оташи дигар онҳоро хоҳад сӯзонид. Ва чун рӯи Худро ба зидди онҳо нигаронам, хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва инак шаш нафар аз роҳи дарвозаи боло, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, омаданд, ва ҳар кадомро олати харобкунандааш дар дасташ буд, ва дар миёни онҳо як мард либоси катон дар тан дошт, ва дар камараш лавозимоти хатнависӣ буд; ва онҳо омада, назди қурбонгоҳи мисин истоданд.


«Зеро дар рӯзе ки Ман Исроилро барои ҷиноятҳояш ба ҷазо мустаҳиқ намоям, барои қурбонгоҳҳои Байт‐Ил низ ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам намуд, ва шохҳои қурбонгоҳ шикаста, бар замин хоҳад афтод.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».


Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Барои наҷот додани қавми Худ, барои наҷот додани Масеҳи Худ берун омадӣ; бурҷи хонаи шарирро зада вайрон кардӣ, онро аз буньёдаш то бомаш хароб намудӣ. Село.


Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард, ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: „Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.


Ва андаруни он галаҳои сершумори ҳар навъ ҳайвонот хоҳанд хобид, ва мурғи саққо, ва хорпушт бар болодариҳои он ҷойгир хоҳанд шуд; садои хониши паррандагон аз тирезаҳояш ба гӯш хоҳад расид, ва харобӣ бар остонаҳояш намоён хоҳад буд, зеро ки чӯбҳои арзи рӯйбасти онҳо вайрон шудааст.


Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.


Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт;


Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид.


Ва Еҳушаъ гуфт: «Сангҳои бузурге ба даҳани мағора биғелонед ва одамонро назди он таъин намоед, то ки посбонӣ кунанд;


Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин


Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan