Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 8:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳад ёфт», мегӯяд Худованд Худо, «лошаҳо бисьёр хоҳад шуд, ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 8:3
21 Iomraidhean Croise  

Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.


Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.


Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: «Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой бародарам!“ ва „Эй вой хоҳарам!“ Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой оғо!“ ва „Эй вой кибриё!“


Пирони духтари Сион бар замин хомӯш нишастаанд, бар сари худ хокистар пошида, палос пӯшидаанд; дӯшизагони Ерусалим сари худро сӯи замин хам кардаанд.


Зироаткорон ошуфта гардидаанд, токдорон навҳа карданд дар бораи гандум ва ҷав, зеро ки ҳосили саҳро нобуд шудааст.


Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон, навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ, омада дар палос шабро гузаронед, эй хизматгузорони Худои ман! Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.


Бедор шавед, эй мастон, ва гирья кунед, ва фиғон кашед, эй ҳамаи майнӯшон, дар бораи шираи ангур, ки аз даҳонатон кашида гирифта шудааст!


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.


«Ваборо аз қабили он ки дар Миср воқеъ шудааст, бар шумо фиристодам; ҷавонони шуморо ба дами шамшер куштам, дар сурате ки аспҳотон ба асирӣ афтод; ва тааффуни ӯрдуҳои шумо баромада, ба димоғатон зад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.


Бинобар ин Худованд Худо, Худои лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дар ҳамаи майдонҳо навҳа хоҳад буд, ва дар ҳамаи кӯчаҳо хоҳанд гуфт: „Ҳайҳот! Ҳайҳот!“ Ва зироаткорро барои мотам гирифтан, ва навҳагаронро барои навҳа кардан хоҳанд хонд.


Ғавғои сурудҳои худро аз Ман дур кун, ва навозиши барбатҳои туро Ман гӯш нахоҳам кард.


Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд, ва бар бистарҳои худ меёзанд, ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;


Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусикӣ ихтироъ мекунанд;


Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».


Ва идҳои шуморо ба мотам, ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод, ва бар ҳар камар палос, ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард, ва инро мисли мотами фарзанди ягона, ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.


Саворон бо шиддат асп меронанд, ва ялт‐ялти шамшерҳо, ва барқзании найзаҳо, ва анбӯҳи кушташудагон, ва тӯда‐тӯда ҷасадҳои мурда ба назар мерасад, ва ҷасадҳо интиҳое надорад, ва роҳгузарон ба он ҷасадҳо пешпо мехӯранд.


Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош! Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст; зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan