Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 8:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 8:2
25 Iomraidhean Croise  

Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.


Ва гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхез аст, мисли анҷири пешпазаке хоҳад буд, ки чун бинандае онро бинад, зуд ба дасташ гирифта, онро фурӯ мебарад.


Ва ман инак дар Мисфо хоҳам буд, то ба ҳузури калдониёне ки назди мо меоянд, биистам; вале шумо шароб ва меваҷот ва равған ҷамъ оварда, дар зарфҳои худ захира кунед, ва дар шаҳрҳои худ, ки онҳоро ишғол намудаед, сокин шавед».


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Қадамҳои моро камин мекарданд, ба дараҷае ки мо дар кӯчаҳои худ наметавонистем роҳ равем; охири мо наздик мешуд, рӯзҳои мо анҷом меёфт; ҳақиқатан охири мо фаро расида буд.


Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман ин зарбулмасалро барҳам хоҳам дод, ва онро дигар дар Исроил истеъмол нахоҳанд кард“; лекин ба онҳо бигӯй: айём наздик аст, ва иҷрои ҳар рӯъё қариб.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман бар ту шамшер хоҳам овард, ва аз миёни ту инсон ва ҳайвонро несту нобуд хоҳам кард.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ҳамаи суханони Маро, ки ба ту мегӯям, дар дили худ ҷой деҳ ва бо гӯшҳои худ бишнав,


Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.


Интиҳо меояд, интиҳо меояд; он ба зидди ту қиём намудааст; инак, меояд.


Ва ба ман гуфт: «Оё ту, эй писари одам, он чиро, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои бутпарастии худ мекунанд, дидӣ? Зеро ки мегӯянд: „Худованд моро намебинад, Худованд ин заминро тарк кардааст“».


Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Оё барои хонадони Яҳудо кардани чунин корҳои зишт, ки дар ин ҷо мекунанд, кам аст, ки боз онҳо заминро аз зулм пур мекунанд ва ба роҳи бутпарастӣ баргашта, Маро ба ғазаб меоваранд? Инак онҳо навдаеро ба биниҳои худ медоранд.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ту он чиро, ки онҳо мекунанд, мебинӣ? Он корҳои зишти азимеро, ки хонадони Исроил дар ин ҷо мекунанд, то ки Ман аз хонаи муқаддаси Худ дур шавам? Валекин ту боз корҳои зишти азимтарро хоҳӣ дид».


Айёми ҷазо наздик меояд, айёми подош фаро мерасад, — Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Шоқуле». Ва Худованд гуфт: «Инак, шоқуле дар миёни қавми Худ Исроил мегузорам, ва дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.


Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, сабаде пур аз меваҷот.


Вой ба ҳоли ман! Зеро ки мисли анҷоми ғунучини меваҳои тобистон, мисли чидани шингилҳои охирини ангур гардидаам: на шингиле барои хӯрдан ҳаст, на навбари анҷир, ки ҷонам иштиёқманди он аст.


Ва ӯ ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Ман тӯмори парроне мебинам, ки дарозияш бист зироъ аст, ва бараш даҳ зироъ».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan