Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 7:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 7:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».


Ва Худо фариштае ба Ерусалим фиристод, то ки онро ба ҳалокат бирасонад; ва ҳангоме ки вай мехост ба расонидани ҳалокат шурӯъ намояд, Худованд дида, аз ин офат пушаймон шуд, ва ба фариштаи ҳалокатовар гуфт: «Басанда аст, акнун дасти худро боздор!» Ва фариштаи Худованд назди хирмангоҳи Орнони ябусӣ истода буд.


Бар шер ва мори айнакдор пой хоҳӣ монд; шери ҷавон ва тимсоҳро поймол хоҳӣ кард.


Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд.


Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!»


Агар шумо дар ин замин бимонед, Ман шуморо бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва шуморо мисли ниҳоле шинонда, решакан нахоҳам кард, зеро аз мусибате ки бар шумо овардам, таассуф менамоям.


Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.


Ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро». Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед; зеро ки Ӯ карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст, ва аз бадӣ пушаймон мешавад.


Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.


Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред, ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед; шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад.


Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр низ нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд Худо.


Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.


Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.


Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan