Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 7:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, дар ибтидои рӯидани алафи бевақтӣ Ӯ малахро ба вуҷуд овард, ва ин алафе буд баъд аз даравидани алафи подшоҳ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 7:1
14 Iomraidhean Croise  

Он чи аз гозом бокӣ монда буд, малах хӯрд, ва он чи аз малах боқӣ монда буд, елеқ хӯрд, ва он чи аз елеқ боқӣ монда буд, ҳасил хӯрд.


Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, сабаде пур аз меваҷот.


«Шуморо бо боди самум ва хушкоӣ зарба задам; аксари боғҳо ва токҳо ва дарахтони анҷир ва зайтуни шуморо малах хӯрд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.


Ва барои солҳое ки малах, елеқ ва ҳасил ва гозом, яъне ӯрдуи азими Ман, ки бар шумо фиристода будам, хӯрдааст, ба шумо подош хоҳам дод.


Ва Худованд чор оҳангарро ба ман нишон дод.


Ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд бар девори амӯдӣ истода буд, ва шоқуле дар дасташ буд.


Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд Худо оташро хонд, ки доварӣ намояд, ва вартаи азимро фурӯ бурд, ва қитъаи саҳроро сӯзонид.


Ва ман тамоми калимоти Худовандро, ки Ӯ ба ман зоҳир сохт, ба ҷалои ватан шудагон баён намудам.


Худованд ба ман намоён кард: ва инак, ду сабад анҷир пеши маъбади Худованд гузошта шудааст, — пас аз он ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудоро бо мирони Яҳудо ва ҳунармандон ва оҳангарон аз Ерусалим асир карда, ба Бобил бурд.


Ва ғанимати шуморо ҷамъ хоҳанд кард, чунон ки мӯрон ҷамъ мекунанд; бар он хоҳанд давид, чунон ки анбӯҳи малахҳо медаванд.


Ва Ман барои шумо фурӯбарандаи ҳосилро манъ хоҳам намуд, ва самараи замини шуморо вай маҳв нахоҳад кард, ва ғӯраи токи шумо дар саҳро нобуд нахоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan