Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Аз шаҳре ки бо ҳазор нафар берун меояд, сад нафар барои хонадони Исроил боқӣ хоҳанд монд, ва аз шаҳре ки бо сад нафар берун меояд, даҳ нафар боқӣ хоҳанд монд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 5:3
10 Iomraidhean Croise  

Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.


Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем.


Зеро, ҳарчанд қавми ту, эй Исроил, мисли реги дарьё бошанд ҳам, фақат бақияе аз онҳо хоҳад баргашт: ҳалокате ки муқаррар гардидааст, аз рӯи адолат ба амал хоҳад омад.


Ва агар даҳьяке дар он боз бимонад, бори дигар он низ хонавайрон хоҳад шуд; чунон ки аз дарахти писта ва аз дарахти булут пас аз буридан решаи онҳо боқӣ мемонад, ончунон насли муқаддас решаи он хоҳад буд».


Валекин адади камеро аз онҳо аз шамшер, аз қаҳтӣ ва аз вабо боқӣ хоҳам гузошт, то ҳамаи корҳои зишти худро дар миёни халқҳое ки ба он ҷо мераванд, ҳикоят кунанд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар даҳ одам дар як хона боқӣ монда бошанд, онҳо низ хоҳанд мурд.


Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: «Агар шумораи банӣ‐Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;


Ва аз шумо шумораи каме боқӣ хоҳанд монд, ва ҳол он ки шумо мисли ситорагони осмон сершумор будед; зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худованд шодикунон ба шумо эҳсон намуда, шуморо афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.


Ва Худованд шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳад кард, ва шумо дар миёни халқҳое ки Худованд шуморо ба он ҷо мебарад, камшумор хоҳед монд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan