Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ҳар яке аз шумо аз рахнаи рӯ ба рӯяш берун хоҳад рафт, ва ҳарамсарои худро тарк хоҳад кард», мегӯяд Худованд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 4:3
12 Iomraidhean Croise  

Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи мардони ҷангӣ шабона аз роҳи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд; ва калдониён гирдогирди шаҳр буданд; ва подшоҳ бо роҳи даштрӯя равона шуд.


Ва аз ақиби онҳо то Урдун рафтанд, ва инак, тамоми роҳ аз либосҳо ва чизҳое ки арамиён саросема шуда партофта буданд, пур буд. Ва қосидон баргашта, ба подшоҳ хабар доданд.


Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст, ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,


Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллои худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард.


Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи ҷанговарон гурехтанд, ва шабона ба воситаи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор, дар наздикии боғи подшоҳ буд, аз шаҳр баромаданд, ва дар сурате ки калдониён гирдогирди шаҳр буданд, бо роҳи чӯл равона шуданд.


Ва раисе ки дар миёни онҳост, дар торикӣ бисоти худро бар китфаш гузошта, берун хоҳад рафт; рахнае дар девор хоҳанд кард, то ки ӯро аз он берун оваранд; ӯ рӯи худро хоҳад пӯшонид, то ки заминро бо чашми худ набинад.


Дар пеши назари онҳо барои худ рахнае дар девор карда, аз он берун овар.


Бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт, ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт.


На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад, ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.


Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?


Ҷилъод дар он тарафи Урдун сокин буд, ва Дон чаро назди киштиҳо истод? Ошер дар соҳили баҳр нишаст, ва назди халиҷҳои худ сукунат дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan