Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.
Ва Ман туро густох хоҳам сохт, ва сӯлуқ дар ҷоғҳоят хоҳам андохт; ва туро бо тамоми лашкарат берун хоҳам овард, бо аспон ва савороне ки ҳамаашон либосҳои зебо пӯшида бошанд, бо ҷамоати сершуморе ки ҳамаашон ҷавшан ва сипар дошта, бо шамшерҳо мусаллаҳ бошанд;
Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».